Ссылки доступа

Дар Уралск пулис муҳаррири нашрияро ба додгоҳ кашид


Дар Уралски Қазоқистон имрӯз муҳокимаи даъвои нозири маҳаллӣ Даниар Ракишев зидди муҳаррири нашрияи минтақавии "Ҳафтаи Уралск" Тамара Еслямова шуруъ шуд.

Нозири минтақавӣ ба додгоҳ шикоят бурда, гуфтааст, назари муҳаррири нашрия, ки бо номи "Афроди мисли майор Ракишев аз чӣ меҳаросанд" чоп шуд, шаъну шарафи ӯро паст задааст. Дар матлабаш Еслямова навиштааст, ки майор Ракишев баъди боздошти оммавии рӯзноманигорон дар таърихи 21 май - рӯзи иқдоми эътирозӣ "дар масъалаи замин", аз вай бахшиш пурсидааст. Аммо Ракишев мегӯяд, бахшиш напурсидааст. Вай бар ин назар аст, ки беобрӯ шудааст ва аз додгоҳ талаб кардааст, ки наздики 30 ҳазор доллар ҳамчун ҷарима аз нашрияи ситонида шавад.

Вакили мудофеи нашрия мегӯяд, навиштаи муҳаррир шаъну шарафи Ракишевро паст назадааст.

XS
SM
MD
LG