Ссылки доступа

Эътирози донишҷӯён ба изҳороти мухолифони тоҷик дар Варшава


Эътирози ҷавонон дар шаҳри Душанбе зидди ҳузури мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии ҳуқуқи инсони Варшаваи Лаҳистон идома дорад.

Аслиддин Хушвақтов, яке аз ташаббускорони эътирози ҷавонон дар Душанбе мегӯяд, ҳамоиши эътирозӣ субҳи имрӯз дар толорҳои Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон оғоз шудааст. Ба гуфтаи Хушвақтов, "ҳамоишҳои ҷавонон довталабона аст".

Хушвақтов мегӯяд, дар чорабиниҳои мазкур 400 донишҷӯ иштирок дошта, онҳо эътирози худро ба ҳузури мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси ҳуқуқи инсони Варшава баён мекунанд. Қарор аст, айни таҷаммуи эътирозӣ дар Донишгоҳи Кулоб низ баргузор шавад.

Донишҷӯён иддао доранд, ки Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мехоҳад, "боз ҷангро дар Тоҷикистон сар кунад”. Аз ин пеш, дақиқтараш шоми 20 сентябри соли равон як гурӯҳи ҷавонон дар назди намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе ҷамъ омада, муроҷиатномаеро ба кормандони созмон таслим карданд.

Эътирозҳо дар Душанбе баъд аз он сурат мегирад, ки гуруҳе аз аъзо ва тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва дигар гуруҳҳое, ки худро мухолифони давлати Тоҷикистон меноманд, рӯзи 19 сентябр бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшава хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд.

XS
SM
MD
LG