Ссылки доступа

Отамбоев бо дархости Кремл табобаташро дар Москва идома медиҳад


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон бо дархости ҷониби Русия барои идомаи табобат ба Москва сафар кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии президенти Қирғизистон иттилоъ додааст.

Отамбоев, ки 20 сентябри соли равон барои иштирок дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ ба ИМА сафар мекард, дар Туркия бистарӣ шуд. Вай аз дард дар қафаси синааш шикоят карда, маҷбур шуд, сафараш ба Ню-Йоркро қатъ кунад.

Табибон гуфтаанд, ки Отамбоев гирифтори бемории қалб аст ва бояд ташхис шавад. Дар ҳамин ҳол хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод, ки Отамбоев ба рухсатӣ меравад ва эҳтимол дорад, он то 1 октябри соли равон идома ёбад.

Алмосбек Отамбоев 17 сентябри соли равон 60 сола шуд. Вай аз соли 2011 ба ин сӯ президенти Қирғизистон буда, охирҳои соли оянда давраи раёсаташ ба поён мерасад. Бар пояи Қонуни асосии Қирғизистон, президенти ин кишвар наметавонад бори дувум номзадиашро дар интихобот гузорад.

Мухолифон Отамбоевро дар он айбдор мекунанд, ки ҳамроҳи атрофиёнаш талош дорад, бо тағйири Конститутсия қудратро баъди рафтан аз мақоми президентӣ низ ҳифз кунад.

XS
SM
MD
LG