Ссылки доступа

Ӯзбекистон сиёсати ҳамроҳ нашудан ба блокҳои низомиро ҳифз мекунад


Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар суханрониаш дар Маҷмааи умумии СММ гуфт, кишвараш сиёсати ҳамроҳ нашудан ба блокҳои низомиро ҳифз хоҳад кард.

"Ӯзбекистон ҳамчунин иҷозат нахоҳад дод, ки дар қаламраваш пойгоҳи низомии хориҷӣ ва ё иншооти давлатҳои дигар ҷойгир шавад", - афзудааст Комилов.

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар додааст, ки ин кишвар дар оянда низ ба ҳамаи уҳдадориҳои байналхалқию шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибааш содиқ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG