Ссылки доступа

Дар Озарбойҷон раъйпурсии тағйироти Конститутсия идома дорад


Имрӯз дар Озарбойҷон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишвар раъйпурсӣ идома дорад. Тағйиру иловаҳои мазкур, тавре интизор меравад, қудрати президенти кунунӣ Илҳом Алиев ва хонаводаи ӯро бештар мекунад.

Дар он кишвар наздики 5,2 миллион шаҳрванд ҳаққи раъйдиҳиро доранд. Дар саросари Озарбойҷон бештар аз 5 ҳазор нуқтаи раъйдиҳӣ таъсис шудааст.

Ин раъйпурсӣ ҳамагӣ ду банди асосӣ дорад: тамдиди муҳлати президентӣ ва бекор кардани маҳдудияти синну солӣ барои номзадҳои оянда ба мақоми президентӣ.

Созмонҳои байналхалқӣ ташкили раъйпурсиро дар Озарбойҷон танқид карданд. Пеш аз раъпурсӣ ҳукумат ба рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ фишорро бештар кард.

Президенти кунунии Озарбойҷон Илҳом Алиев аз соли 2003 ба ин тараф сари қудрат аст. Вай курсии президентиро аз падараш "мерос" гирифта буд.

XS
SM
MD
LG