Ссылки доступа

Ба шаҳрҳои муҳосирашудаи Сурия кумак расид


Ҳафтод мошини ҳомили кумаки башардӯстона рӯзи якшанбе ба чаҳор шаҳри муҳосирашудаи Сурия расиданд.

Дар шаш моҳи охир ин бори аввал аст, ки кумаки башардӯстона расонида мешавад. Дар ин бора Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх хабар медиҳад.

Корвони мошинҳо ба шаҳрҳои Мадайя, Забданӣ ва деҳаҳои Ал Фуа ва Кефрай ворид шудаанд.

Дар шаҳри Мадайя наздики 40 ҳазор сокин ба сар мебарад. Ин шаҳрро нерӯҳои ҳукуматӣ давоми шаш моҳи охир муҳосира карда буданд. Дар Забданӣ наздики 1000 сокин боқӣ мондааст. Дар ду деҳаи дигар наздики 20 ҳазор одам ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG