Ссылки доступа

Беш аз се миллион бинандаи навори голи дарвозабони ӯзбек дар се рӯз (видео)


Навори голи дарвозабони ӯзбек ба дарвозаи дастаи футболи ҷавонони Куриёи Ҷанубӣ ба яке аз видеоҳои сербинандаи Интернет табдил ёфтааст.

Ба иттилои хабаргузории СА-News, дастаҳои футболи ҷавонони Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ 23 сентябри соли равон дар доираи бозиҳои қаҳрамонии Осиё қувва озмудаанд. Жасурбек Умрзаков, дарвозабони ӯзбек дар дақиқаи 42-уми бозӣ тӯбро аз майдончаи ҷаримавӣ рост ба дарвозаи рақиб ҳаво медиҳад.

Дарвозабони куриёӣ, ки мехост тӯбро бо сараш баргардонад, аз назди дарвоза 25 метр пеш меравад. Вале дар натиҷа ба иштибоҳ роҳ дода, наметавонад тӯби рақибашро баргардонад ва тӯб ҳам озод вориди дарвоза шуд.

Видеои бозӣ 23 сентябри соли равон ба Интернет роҳ ёфта, алакай дар се рӯз онро беш аз се миллион бор тамошо кардаанд.

XS
SM
MD
LG