Ссылки доступа

Роҳбари ҳайати Қирғизистон ҷаласаи САҲА-ро тарк кард (видео)


Роҳбари ҳайати Қирғизистон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Мир Карибоева зимни суханронии Қодирҷон Батиров - як мухолифи қирғиз, толори маҷлисро тарк кард.

Карибоева бо изҳори норизоӣ ба САҲА гуфтааст, ин созмон ба Қодирҷон Батиров, ки бо айби барангехтани адовати миллӣ ва анҷоми ҷинояти ниҳоят вазнин ғоибона маҳкум шудааст, минбар медиҳад.

Карибоева афзудааст, минбар додани САҲА ба Батиров дар Қирғизистон ҳамчун беэҳтиромӣ ба ин кишвар қабул шудааст.

XS
SM
MD
LG