Ссылки доступа

Нахустин мунозираи рӯ ба рӯи Клинтон бо Трамп


Шаби душанбе дар донишгоҳи Хофстраи Ню-Йорк нахустин мунозираи номзадҳои ду ҳизбҳои пешсафи ИМА ба мақоми президентӣ, баргузор шуд.

Мавзуи аввали мунозира баҳси иқтисодӣ буд. Номзади демократҳо Ҳилари Клинтон гуфт, некуаҳволии синфи миёна, аз ҷумла донишҷӯён ва модарони ҷавонро, дар авлавият мегузорад.

Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп гуфтааст, таваҷҷуҳашро ба ҳавасмандсозии тоҷирон равона хоҳад кард, то онҳо тавонанд дар навбати худ ҷои корӣ таъсис диҳанд.

Ширкатдорони мунозира инчунин дар мавриди нажодпарастӣ дар ин кишвар баҳс кардаанд. Ба гуфтаи Клинтон, дар системаи додгоҳиву тафтишотии ИМА нишонаҳои бадбинии ақалиятҳои милливу нажодӣ мушоҳида мешавад, ки бояд решакан карда шавад. Клинтон ҳамчунин гуфтааст, барои назорат аз болои фурӯши аслиҳа талош хоҳад кард. Трамп дар навбати худ гуфтааст, тавассути бештар кардани шумори кормандони мақомоти қудратӣ суботу тартиботро ҷорӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG