Ссылки доступа

Ҳукми раиси ИЖҚ 3 октябр эълон мешавад


Ҳукми Сайидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон 3 октябри соли равон эълон хоҳад шуд. Дар ин бора Акболат Курмантаев, додраси додгоҳи Есили Остона иттилоъ додааст.

Дар доираи парвандаи ӯ писараш Асет Матаев мудири кулли хабаргузории КазТАГ ҳам айбдор мешавад. Падару писар дар қаллобӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз гумонбаранд.

Қаблан додситон барои раиси ИЖҚ 6 солу 8 моҳ ва барои писараш 6 соли зиндонро бо мусодираи амволу маҳрум кардан аз ҳаққи фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати се сол талаб карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Сайидқозӣ Матаев тамоми айбҳоро рад карда, гуфтааст, ки парвандаи онҳо дақиқ тафтиш нашудааст. Аз сӯи дигар, Асет Матаев парвандаи мазкурро "рейдерӣ" хондааст.

XS
SM
MD
LG