Ссылки доступа

Оғози ҳамлаҳои заминии нерӯҳои Асад ба Ҳалаб


Нерӯҳои ҳукумати Сурия дар якҷоягӣ бо ҳампаймонони худ ҳамларо ба як чанд навоҳии шаҳри Ҳалаб, ки дар дасти мухолифин аст, оғоз кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Reuters аз ҳамлаҳои заминии режими президент Башор Асад хабар додааст, ки баъди қатъи оташбас густардатарин шумурда мешаванд.

Артиши Сурия аз чор минтақа ба Ҳалаб ҳамла карда, алакай дар шимолу ғарби шаҳр ноҳияеро ба даст овардаанд. Созмони байналмилалии тандурустӣ талаб дорад, ки барои берун овардани захмиён дар Ҳалаб роҳрави башардӯстона ташкил шавад.

ИМА мегӯяд, оғози ҳамлаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки президент Асад ва ҳампаймонони минтақавию русаш барои пирӯзии ҳарбӣ низоми оташбасро вайрон кардаанд.

Вашингтон гуфтааст, ки созишномаи оташбаси моҳи равон бо Русия дар бораи Сурия бо гузашти як ҳафта вайрон шуд. Reuters навиштааст, ки Димишқ ва Москва бо бомбаборон кардани иншооти башардӯстонаву тиббӣ ҷиноятҳои сангини ҳарбиро содир мекунанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, беш аз 250 ҳазор одам дар минтақаҳои муҳосираи Ҳалаб, ки дар дасти мухолифон аст, қарор доранд. Дар натиҷаи тирборонҳои шадиди ахири навоҳии Ҳалаб садҳо сокини осоишта кушта шуда, бештарашон зери харобаву деворҳо мондаанд.

XS
SM
MD
LG