Ссылки доступа

Маҳбусони ӯзбек намехоҳанд, аз Тоҷикистон ба ватан баргарданд


Бар пояи Қонуни афви бахшида ба 25-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон бархе шаҳрвандони хориҷӣ низ аз зиндонҳои кишвар озод хоҳанд шуд.

Ду маҳбуси ӯзбек, ки муҳлати ҷазояшон дар Тоҷикистон ба поён расидааст, аз мақомоти кишвар хоҳиш доранд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро ба ватанашон нафиристанд.

Ба гуфтаи маҳбусон, мақомоти тоҷик ҳашт сол пеш онҳоро бо айби убури ғайриқонунии марз зиндонӣ карда буданд ва дар сурати фиристода шуданашон ба Ӯзбекистон шиканҷа ва дубора зиндонӣ хоҳанд шуд.

Шерзод Қурбонов ва Нормаҳмад Аҷабов, сокинони вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон, ки ҳоло дар зиндони рақами 3/4-и Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд, бо ин мазмун ба намояндагии СММ ва созмонҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ нома фиристодаанд.

Қурбонов мегӯяд, муҳлати ҷазои ӯ ва Аҷабов се рӯз мешавад, ки ба поён расида аст, аммо зоҳиран то замони таҳияи асноди ихроҷашон ба Ӯзбекистон дар боздоштгоҳ мемонанд. Ба гуфтаи ӯ, ин шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳамроҳи ҳамсару фарзандони хурдсолашон соли 2009, вақте қасди пойи пиёда ба Ҳаҷ рафтанро доштанд, дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон боздошт ва баъдан зиндонӣ шудаанд. ​

"Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон он вақт ҳамсару ду писари хурдсоли маро раҳо карда, ба Ӯзбекистон фиристода буданд", - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як масъули Раёсати адои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ин ду сокини Қашқадарё барои узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ки фаъолияташ дар кишвар манъ аст, зиндонӣ шуда буданд ва бино бар ин аз фиристода шуданашон ба ватан ҳарос доранд.

XS
SM
MD
LG