Ссылки доступа

Идомаи эътирози "ҷавонони фаъол" дар хонаи Раҳматуллои Раҷаб (видео)


Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, яке аз фаъолони зиндонии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, даҳҳо ҷавон 27 сентябр дар назди манзили зисти онҳо ҷамъ омада, ба дару девори хона себу тухм ҳаво додаанд.

Иброҳимзода гуфт, ки ин ҷавононро як автобус ба дари хонааш овард ва онҳо зидди раҳбарони ҲНИТ шиор медоданд. "Шиор доштанд, ки нест бод терроризм, нест бод Кабирӣ, нест бод терроризм. Мо чӣ террор кардем?" - суол мегузорад вай.

Ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб ин рафторро беадолатӣ номида, мегӯяд, ҷавонони ҷамъомада баъди он фирор карданд, ки духтараш онҳоро ба навор гирифтааст. Зоҳиран эътирози ҷавонон ба фаъолиятҳои Шӯҳрати Раҳматулло, фарзанди Раҳматуллои Раҷаб, ки бо гурӯҳе аз аъзои ҳизби мазкур дар хориҷ аст, рабт дорад.

Тухму себандозӣ ба хонаи Раҳматуллои Раҷаб баъд аз айни эътироз дар назди хонаҳои аъзои дигари раёсати ҲНИТ сурат мегирад. 23 сентябри соли равон гурӯҳе аз ҷавонон дар назди хонаи Саид Абдуллои Нурӣ, раиси пешини ҲНИТ ва Саидумар Ҳусайнӣ, яке аз аъзои дигари ҳизб ҷамъ омада, зидди ин ҳизбу раҳбараш Муҳиддин Кабирӣ шиор партофтаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи июни соли равон 14 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҲНИТ, аз ҷумла Раҳматуллои Раҷабро ба барангехтани адовати миллӣ, нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, кӯшиши сарнагуни ҳукумати қонунӣ ва ошӯби мусаллаҳона айбдор хонда, ва ба солҳои тулонии зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG