Ссылки доступа

ХБА: қарзи давлатии Қирғизистон ба 70%-и ММД наздик шудааст


Тибқи баҳогузории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), қарзи давлатии Қирғизистон ба наздики 70 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилияш (ММД) баробар шудааст.

Ин нуктаро Эдвард Ҷемайэл, намояндаи ХБА дар Қирғизистон зимни суҳбат бо хабарнигорон баён доштаст. Ба гуфтаи вай, қарзи давлатии Қирғизистон тайи чанд соли ахир якбора боло рафтааст.

Соли 2014 ҳаҷми қарзи давлатии Қирғизистон ба 43-44%-и ММД-и ин кишвар баробар буд.

"Афзоиши қарзи давлатӣ нигарониҳоро ба бор меорад. Ҳарчанд, тибқи баҳогузории мо, қарз ҳанӯз ба сатҳи хатар нарасидааст. Вале сарфи назар аз ин, кишвар аллакай дар қарз ғӯтидааст, ки имкон дорад, хатари азиме дар пай дошта бошад", - афзудааст раҳбари намояндагии ХБА.

Ҷемайэл зикр карда, ки афзоиши қарзи давлатӣ ҳукуматро водор месозад, то бештари сармояҳоро ба он равона созад. Дар робита ба ин ХБА тавсия медиҳад, ки ҳукумати Қирғизистон буҷаро муъҷаз карда, касри онро ба тадриҷ коҳиш диҳад.

"Тавсия медиҳем, ки ба ин масъала хеле бо эҳтиёт кор гирифта шавад. Муъҷаз кардани буҷа рушди ММД-ро таъмин хоҳад кард", - мегӯяд Ҷемайэл.

XS
SM
MD
LG