Ссылки доступа

Ҳизбҳои мухолифи Озарбойҷон натиҷаи раъйпурсиро эътироф накарданд


"Раъпурсии 26 сентябр, тавре ки интизор мерафт, бо тақаллуб омехт", - гуфтааст раиси Ҳизби Фронти Халқии Озарбойҷон Алӣ Каримлӣ.

"Хеле хуб шуд, ки мардуми Озарбойҷон раъйпурсиро "бойкот" карданд. Танҳо гуруҳе аз мардум аз идораҳои давлатӣ ба мисли гирдгардон дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ овоз дода, зоҳиран ҳузури мардумро ба намоиш гузоштанд. Аммо ин кофӣ набуд ва мақомот дар сандуқҳо варақаҳои изофӣ партофтанд. Ҳатто сандуқҳои пурро ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ оварданд. Натиҷаҳои раъйдиҳӣ афкори мардумро бозгу намекунад, тағйири Конститутсия ғайриқонунӣ аст ва мардуми Озарбойҷон онро эътироф намекунад", - гуфтааст вай.

Раиси ҳизби "Мусавват" Ориф Гаҷилӣ гуфтааст, аз хабарҳое, ки нозирон, шаҳрвандон ва рӯзноманигорон паҳн карданд, мешавад ба хулоса расид, ки дар раъйдиҳӣ камтар аз 25 дарсади шаҳрвандон ширкат кардаанд. "Намешавад ин раъпурсиро раъи мардум донист", - гуфтааст Ориф Гаҷилӣ.

Ҳизбҳои мухолиф гуфтаанд, талош мекунанд, то натиҷаи интихобот бекор карда шавад.

XS
SM
MD
LG