Ссылки доступа

Барои баррасии парвандаи Немтсов ҳайати мунсифа ташкил шуд


Додгоҳи минтақавии низомии Москва ҳайати мунсифаро барои баррасии парвандаи куштори сиёсатмадори мухолифи рус Борис Немтсов ташкил кардааст.

Хабаргузории "Москва" бо истинод ба вакили дифоъ Шамсудин Тсакаев иттилоъ додааст, ки ҳайати мазкур иборат аз 12 нафар буда, 10 тани дигар ҳамчун узви эҳтиётӣ интихоб шудаанд.

Санаи баргузории мурофиаи нахустинро 3 октябри соли равон эълон кардаанд. Ин бори дувум аст, ки барои баррасии парвандаи мухолифи рус ҳайати мунсифа ташкил мешавад. Охирҳои моҳи август бештари аъзои ҳайат бо сабабҳои шахсӣ номзадии худро бозпас гирифта буданд.

Борис Немтсовро шаби 28 ба 29 феврали соли 2015 дар маркази Москва паронданд. Дар куштори Немтсов 5 нафар, як афсари пешини нерӯҳои дохилӣ Заур Дадаев ва чаҳор сокини Чеченистон айбдор мешаванд.

Ҷонибдорони Немтсов талаб доранд, ки фармоишгарони қатли Немтсов муайян ва дар робита ба ин парванда Рамазон Қодиров, президенти Чеченистон, ки хеши яке аз гумонбарон аст, бозпурсӣ шавад.

XS
SM
MD
LG