Ссылки доступа

Эҳтимоли манъи сигоркашӣ дар тарабхонаҳои Тоҷикистон (видео)


Лоиҳаи нави қонун дар бораи "маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку", ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омода шуда, қарор аст, ба порлумон фиристода шавад, харидуфурӯши беназм, дастрасии содда ба тамоку, истифодаи он дар тарабхона, қаҳвахона ва дохили биноҳои дигарро қатъиян манъ мекунад.

Дар ин лоиҳа чун истисно дар бархе аз муассисаҳо, аз ҷумла шифохонаҳои бемориҳои руҳӣ ва зиндон иҷозаи истифода аз тамоку дар дохил дода шудааст. Ин нукта ҳам ҳоло мавриди баҳс аст. Бар асоси оморҳои расмӣ, феълан дар кишвар беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки 78 дарсади онҳо мардон, 10 фисад зан ва 12 дарсади дигарро ноболиғон ташкил медиҳанд.

"​Маҳдудиятҳо зиёд шудааст дар ин қонун ва мо агар ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон назар кунем, мебинем, ки чунин маҳдудиятҳо ҳастанд. Худи маҳдудкунии истеъмоли тамоку мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ, мисли бемории қалбу раг ва саратон аст", – гуфт Наврӯз Ҷаъфаров муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.

Тоҷикистон соли 2013 ба эъломияи умумиҷаҳонӣ оид ба мубориза бо тамоку ҳамроҳ шудааст, аммо қонуни феълӣ барои мубориза бо тамоку заиф унвон мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, ҳоло истифодаи сигору нос миёни наврасон ва занон ҳам як навъ муд шудааст.

Ҷошуа Абрамс, раҳбари барномаи мубориза бо тамокуи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки барои расонидани таҷрибаи давлатҳои дагар ба Тоҷикистон омадааст, мегӯяд, бо 10 дарсад боло бурдани нархи тамоку, ҳаёти 10 миллион нафарро мешавад наҷот дод.

XS
SM
MD
LG