Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ширкати миллии роҳи оҳанро аз нав ташкил медиҳанд


Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон хабар медиҳад, ки ширкати миллии роҳи оҳани ин кишварро аз сари нав ташкил медиҳад. Ин вазорат мегӯяд, сохторҳои роҳи оҳан аз ҳам ҷудо мешаванд.

Нақшаи мазкур дар "робита ба барномаи давлатии рушд ва якпорчасозии низоми ҳамлу нақл то соли 2020 ва нақшаи стратегии рушд то соли 2020" андешида шудааст.

Гардиши ширкат дар соли гузашта наздики 2,2 миллион долларро ташкил додааст. Тибқи иттилои роҳи оҳани Қазоқистон, дар ин ширкат 156 ҳазор корманд (9 дарсади маҷмуи аҳолӣ) машғули коранд.

XS
SM
MD
LG