Ссылки доступа

Сафарбар шудани беш аз 600 сарбози Пентагон ба Ироқ


Пентагон барои омода кардани артиши Ироқ ба амалиёти озодсозии Мосул, дувумин шаҳри бузургтарини ин кишвар, ки дар дасти ҷангиёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) ҳаст, 615 низомии дигарашро хоҳад фристод.

Дар ин бора Эштон Картер, вазири мудофеаи ИМА рӯзи чаҳоршанбе иттилоъ додааст. Дар натиҷа шумори низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ба 5 ҳазору 200 нафар мерасад.

Ба гуфтаи Картер, бештари ин сарбозон гуруҳҳои низомии курду ироқиро барои ҳамла ба Мосул омода мекунанд. Дар изҳороти сарвазири Ироқ низ омадааст, ки ИМА барои кумак ба қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар "мутахассис ва мушовир" мефиристад.

Амалиёти озодсозии Мосул, ки бар пояи баҳогузориҳои гуногун, дар он аз 3 то 4 ҳазор ҷангии ДИ қарор доранд, дар пешорӯи муборизаҳои интихоботи президентии ИМА сурат мегирад. Комёбӣ ва нокомӣ дар ин амалиёт метавонад ба имконоти пешазинтихоботии Ҳиллари Клинтон, номзади демократҳо ба мақоми президентии ИМА, ки ахиран аз сӯи рақибаш Доналд Трамп интиқод шуд, таъсир расонад.

Долад Трамп Клинтонро дар он айбдор кард, ки бефаъолиятии ӯ ҳангоми котиби давлатии ИМА буданаш боиси ба миён омадани созмони террористие бо номи ДИ шудааст.

XS
SM
MD
LG