Ссылки доступа

Иттифоқи касабаи Ӯзбекистон: иштирок дар пахтачинӣ бояд ихтиёрӣ бошад


Ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон ҳақ дорад, ки ихтиёран дар маъракаи ҷамъоварии пахта иштирок кунад.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин нукта дар доираи маъракаи иттилоотии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон (ФИК) барои боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии шаҳрвандон баён шудааст.

"Сокинон ҳамчунин ҳақ доранд, ки шароити кории муносиб дошта бошанд ва низ метавонанд бидуни ҳеч шартҳои иловагӣ аз иштирок дар ҷамъоварии пахта худдорӣ кунанд", - омадааст дар иттилоия.

Қонунгузории Ӯзбекистон истифодаи нерӯри иҷборӣ ва кӯдаконро манъ мекунад. Дар чаҳорчӯби маъракаи иттилоотиии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба меҳнати кӯдакони назди ФИК дар тамоми манотиқи ин кишвар, лавҳаву баннер ва варақаҳо барои пешгирӣ аз нерӯи кӯдакон ва меҳнати иҷборӣ паҳн карда шудааст.

Хадамоти матбуотии федератсия мегӯяд, ба ҷуз ин барои омӯзиши кормандони вазорату муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ маводи методологӣ омода карда шудааст.

XS
SM
MD
LG