Ссылки доступа

11 сол зиндони донишҷӯи тоҷик барои ҳамла ба “Агроинвестбонк”


Додгоҳи ноҳияи Данғара Беҳрӯз Рауфов, донишҷӯи тоҷикро барои ҳамлаи ғоратгарона ба намояндагии “Агроинвестбонк” дар ин ноҳия 11 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Раҳмат Қосимзода, раиси додгоҳи Данғара гуфт, Рауфов мӯҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш пурзӯр сипарӣ хоҳад кард. Беҳрӯз Рауфов, сокини деҳаи Каёнуши ҷамоати деҳоти Корези Данғара ҳангоми боздошт донишҷӯи соли дувуми яке аз донишгоҳҳои Қазоқистон будааст.

Маҳмадулло Саидализода, раиси ноҳияи Данғара 29 июл дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ин ҷавон барои пайдо кардани маблағи шартномаи донишгоҳаш даст ба ҷиноят задааст.

"Рауфов аз Қазоқистон баргашта, аз волидайни худ пули шартномаи донишгоҳро талаб мекунад. Аммо чун дарёфтааст, ки волидайнаш пули шартномаи ӯро надоранд, ба намояндагии “Агроинвестбонк” ҳамла кардааст. Вай ба бонк даромада ягон чиз пайдо намекунад ва дар ин ҳолат бо корманди милиса рӯ ба рӯ мешавад ва ӯро захмӣ мекунад", - афзуда буд Саидализода.

Баъди ин ҳодиса Рауфов ба комиссариати ҳарбии ноҳия рафта ва хоҳиш кардааст, то ӯро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намоянд, вале чанд рӯз пас кормандони пулис ӯро дастгир карданд.

Ҳамлаи мазкур ба "Агроинвестбонк"-и ноҳияи Данғара моҳи апрели соли равон сурат гирифта, дар натиҷаи он Аҳлиддин Қурбонов, муҳофизи бонк бо 17 захми корд дар бемористон бистарӣ шуд.

XS
SM
MD
LG