Ссылки доступа

Нигаронии Белорус аз напардохтани моҳонаи кормандони корхонаи куҳӣ


Белорус аз напардохтани моҳонаи кормандони сохтмони комбинати куҳии Гарлик изҳори нигаронӣ кардааст. Туркманистон уҳдадор шуда буд, ки моҳонаи кормандонро пардозад.

Дар ин бора раиси Шӯрои маҷлиси миллии Белорус Михаил Мясникович дар мулоқот бо сафири Туркманистон Назаргулӣ Шагулиев хабар додааст.

"Напардохтани моҳона ва муносибати сард бо бархе аз кормандон ба раванди сохтмон халал мерасонад", - гуфтааст намояндаи Белорус.

Мясникович аз Ишқобод тақозо кардааст, ки барои сохтмони комбинат чораандешӣ кунад.

Тавре хабар дода мешавад, Туркманистону Белорус баҳори соли ҷорӣ ба сохтмони комбинат омода шуданд. Комбинати мазкур дар ноҳияи Лебапи Туркманистон сохта мешавад. Ин корхона бояд баҳори соли 2017 ба истифода дода шавад.

XS
SM
MD
LG