Ссылки доступа

Комилов: Тошканд барои беҳбуди равобит бо Душанбе омодааст


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе бо Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ки дар доираи як сафари корӣ вориди Душанбе шудааст, мулоқот кард.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти кишвар мегӯяд, Комилов бо паёми шифоҳии Шавкат Мирзиёев, президенти муваққати Ӯзбекистон ба ҳамтои тоҷикаш ба Душанбе омадааст. Ба гуфтаи вай, Мирзиёев дар ин паём ба беҳбуди ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, "ҳалли баъзе мушкилот дар равобити ин ду кишвар ва барқарор кардани муносибатҳои ҳамсоягӣ, анъанавӣ, дӯстии байни Тошканду Душанбе изҳори боварӣ кардааст.

Комилов баъди анҷоми мулоқот зимни брифинге дар баробари телевизионҳои давлатии Тоҷикистон гуфтааст, ки "Ӯзбекистон омода аст муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахши энергетика, ҳаракати роҳи оҳан, парвозҳои миёни ду кишварро барқарор кунад. Ҳалли мушкилоти обию энергетикӣ боадолат ва ба манфиати ҳар ду кишвар бошад".

Коршиносон беҳбуд ёфтани робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар моҳҳои наздик пешбинӣ мекунанд. Баъзеҳо онҳо мегӯянд, Абдулазиз Комилов бори нахуст 23 сентябри соли равон ҳангоми баромадаш дар Маҷмаи умумии СММ бо вуҷуди он ки суханрониаш ба мушкилоти обию эенергетикии Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд, ҳеҷ ишорае ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон накард.

Ба назари Парвиз Мулоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, баъди мулоқоти Раҳмон бо Комилов кори Комиссияи байнидавлатӣ оид ба масоили иқтисод ва тиҷорат миёни Тошканд ва Душанбе аз сар гирифта шуда, ҷонибҳо барои ҳалли мушкилоти марбут ба низоми раводид ва савдо дар минтақаҳои марзӣ иқдом хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG