Ссылки доступа

Қирғизистон ба баргузории раъпурсии конститутсионӣ омода мешавад


Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон ба баргузории раъйпурсӣ ҷиҳати ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар комилан омода аст. Дар ин бора раиси Комиссия Нурҷон Шайлдабекова хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, барои баргузории раъйпурсӣ маблағ ва дигар таҷҳизоти лозимӣ таъмин шудааст.

Муовини вазири молия Алмаз Азимов хабар додааст, ки барои баргузории раъйпурсӣ 317 миллион сом (муодили 31,7 миллион сомонӣ) лозим аст.

Вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи ахир лоиҳаи қонун дар бораи ворид кардани тағйирот ба Конститутсияро қабул карданд. Санаи баргузории раъйпурсӣ 4 декабри соли ҷорӣ муайян шудааст.

XS
SM
MD
LG