Ссылки доступа

Зиндонбони қазоқ барои "таҷовузи маҳбус" 9 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳ Руслан Ҳакимов, корманди пешини маҳбаси Алмааторо дар таҷовуз ба номуси зиндонӣ Наталя Слекишина айбдор ва 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Бар пояи қарори додрас Айсарой Жилкибаева, Ҳакимов ҳамчунин аз рутбаи майори адлияву ҳаққи хизмат дар ниҳодҳои давлатӣ якумрӣ маҳрум ва амволаш мусодира хоҳад шуд.

Руслан Ҳакимов дар таҷовуз ба номуси Наталя Слекишина, ки дар зиндони 155/18-и Алмаато нигаҳдорӣ мешуд ва баъдан фарзанд ба дунё овард, айбдор шуд.

Ба гуфтаи Слекишина, ӯ дар зиндон таҷовузи гуруҳӣ шудааст. Натиҷаҳои ташхис муайян карданд, ки падари кӯдак Руслан Ҳакимов аст. Се корманди дигари зиндон, ки ба гуфтаи Слекишина онҳо низ дар ин кор даст доштанд, дар доираи парвандаи мазкур ба ҳайси шоҳид иштирок карданд. Тафтишот ба ин хулоса расид, ки онҳо дар таҷовуз даст надоранд.

"Аз ҳукми додгоҳ розиям, аммо барои ба ҷавобгарӣ кашидани дигарон низ талош хоҳам кард. Зеро Ҳакимов танҳо набуд", - гуфтааст Слекишина.

XS
SM
MD
LG