Ссылки доступа

Изҳороти Туркманистон зидди таъхиркориҳои Белорус


Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон роҷеъ ба сохтмони комбинати куҳии тозакунии маъдани Гарлик аз сӯи Белорус дар ин кишвар изҳорот пахш кардааст. Ишқобод Минскро дар он айбдор кардааст, ки сохтмони комбинатро ба дарозо мекашад.

Бино ба изҳороти вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, зимни мулоқоти ҳайатҳои дуҷониб бо раҳбарии сарвазир Анатолий Калинин далелҳои мушаххас дар бораи тӯлонӣ шудани корҳои сохтмонии иншооти алоҳида, ки бахши муҳими инфрасохтори комбинат шумурда мешаванд, пешниҳод шудааст.

"Ба ҷуз ин, ба муроҷиати пай дар пайи ҳукумати Туркманистон нигоҳ накарда, ҷониби Белорус то ҳол дар бораи замони интиқоли таҷҳизоти боқӣ ба маблағи чанд миллион доллар ва лоиҳаҳои мушаххасоти минбаъда маълумот ироа накардааст", - омадааст дар изҳорот.

Ҳамчунин пардохт нашудани маоши шаҳрвандони Туркманистон, ки аз сӯи Белгорхимпром барои кор дар сохтмони камбинат ҷалб шудаанд, Ишқободро нигарон кардааст. Туркманистон таъкид кардааст, ки ҳукумати Белорус барои сари вақт ба поён расонидани сохтмони комбинати Гарлик бояд тадбирҳои таъхирнопазир биандешад.

Созишномаи бунёди комбинати куҳии тозакунии маъдани Гарлик соли 2009 имзо шуда буд. Маблағи сохтмони ин комбинат бо иқтидори истеҳсоли 1,4 миллион тонна поруҳои калийдор дар сол як миллиард долларро ташкил дода, он бояд то соли 2015 ба истифода дода мешуд. Вале ҳоло анҷоми сохтмони онро дар соли 2017 ба нақша гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG