Ссылки доступа

Оғози баррасии парвандаи куштори Немтсов дар Москва


Додгоҳи минтақавии низомии Москва имрӯз баррасии парвандаи қатли Борис Немтсов, мухолифи русро оғоз хоҳад кард. Айбдор будани гумонбаронро ҳайати мунсифа муайян мекунад.

Ин ҳайат бо дархости худи айбдоршавандаҳо, ки ҳамаи панҷ нафарашон мегӯянд, дар куштори сиёсатмадор даст надоранд, ташкил шудааст.

Зидди Заур Дадаев, бародарон Анзор ва Шадид Губашевҳо, Хамзат Бахаев ва Темирлан Эскерханов бо моддаҳои куштори фармоишӣ, узвият дар гуруҳи муташаккили ҷиноӣ, ба даст овардан, интиқол ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ парванда боз шудааст.

Ин айбнома дар зеҳни ҷониби даъвогарон саволҳои зиёдеро халқ кардааст. Зеро муфаттишон рабт доштани қатли Немтсовро ба фаъолиятҳои сиёсию ҷамъиятияш рад мекунанд.

Миёни айбдоршавандаҳо гумонбарони фармоиш ва ташкили куштор ҳузур надоранд. Ин ба Жанна Немтсова, духтари сиёсатмадори мухолифи кушташудаи рус ҳақ медиҳад, ки тафтишотро ноком хонад.

XS
SM
MD
LG