Ссылки доступа

Сарвазири Бритониё гуфт, охири моҳи март хориҷшавӣ аз ИА оғоз мешавад


Сарвазири Бритониё Тереза Мэй гуфт, ки кишвараш марҳилаи хориҷшавиро аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) расман охири моҳи марти соли оянда шуруъ хоҳад кард. Дар мусоҳиба бо Би-би-си Мэй гуфтааст, ки охири моҳи март охирин санаи оғози марҳилаи хориҷшавӣ аст.

Тибқи шартномаи Иттиҳоди Аврупо, ҳар кадоме аз 28 кишвари узви созмони мазкур, ки хоҳиши хориҷ шуданро доранд, бояд марҳилаи дусолаи музокираро пушти сар кунад.

Сарвазири Италия Маттео Рентси дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ хабар додааст, ки хориҷшавии Бритониё аз ҳайати созмон бидуни ҳеч гуфтугӯи пасипардагӣ сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG