Ссылки доступа

Як рӯзноманигори украинӣ бо айби ҷосусӣ дар Русия боздошт шуд


Роман Сушенко, рӯзноманигори украинии хабаргузории "Укринформ" дар Москва бо айби ҷосусӣ боздошт шудааст. Дар ин бора ҳомии ҳуқуқи инсон Зоя Светова хабар медиҳад.

Роман Сушенкои 47-сола 30 сентябр боздошт шудааст. Мақомоти рус ба вай фишор оварда, иҷозат надодаанд, ки бо ҳамсараш тамос бигирад. Рӯзноманигорро дар "ҷосусӣ" айбдор мекунанд. Ин модда аз 10 то 20 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Хабаргузории "Укринформ" боздошти Роман Сушенкоро иғови тарҳрезишуда меномад.

Барои рӯзноманигори украинӣ аллакай вакили дифоъ киро шудааст. Вакил ба Москва омада, ният дорад, бо зерҳимояаш мулоқот кунад.

Хабаргузории "Укринформ" аз ҷомеаи рӯзноманигорӣ, созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷӣ хостааст, ки озодии Сушенкоро талаб кунанд.

XS
SM
MD
LG