Ссылки доступа

Валиев тасмим гирифтааст, ки ба сафорати Қирғизистон муроҷиат кунад


Собир Валиев, узви ҳаракати мамнуи "Гуруҳи 24" дар пайи хабари боз шудани парвандаи ҷиноӣ зидди ӯ дар Қирғизистон гуфтааст, ки рӯзҳои наздик ба сафорати ин кишвар муроҷиат хоҳад кард.

Валиев бо нашри як изҳороти видеоӣ дар Фейсбук изҳор доштааст, ки вай ҳоло дар Аврупост ва баъди муроҷиаташ ба сафорати Қирғизистон, Кумитаи амнияти миллии ин кишвар метавонад асноди парвандаи ҷиноии зидди ӯ бозкардаашро фиристад.

"Имрӯз хабар ёфтам, ки КДАМ Қирғизистон зидди ман парвандаи ҷиноӣ боз карда будааст. Ман дар кишварҳои аврупоӣ бо шиносномаи қирғизӣ мегардам ва раводиди Шенген дорам. Соли 2015 вақте маро дар Молдова дастгир карданд, ҷониби Қирғизистон ҳеч гуна дархост ё маълумот дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноӣ зидди ман нафиристод. Аз ин рӯ, фикр мекунам, хабарҳои ахир ба фаъолиятҳои сиёсии ман рабт дошта, бидуни шак он бо дархости мақомоти тоҷик сурат гирифтааст", - изҳор доштааст Валиев.

Вай афзудааст, ки гӯиё субҳи дирӯз мақомоти махсуси Тоҷикистон ба ҷони ӯву ҳамсараш, ки феълан дар Қирғизистон қарор дорад, таҳдид кардаанд. "Ман як фаъоли ҷамъиятии муқаррарӣ ва ҳомии ҳуқуқам. Тӯли 10 сол дар Қирғизистон соҳибкор будаму андоз супоридаам ва ҳеч ҷиноятеро анҷом надодаам", - илова кардааст Собир Валиев.

Қаблан КДАМ Қирғизистон гуфт, тафтиши парвандаи ҷиноии марбут ба Собир Валиевро, ки соли гузашта бо моддаҳои "Убури ғайриқонунии марзи давлатӣ" ва "Сӯистифода аз мақом" боз карда буд, аз сар гирифтааст. Рӯзи 2 октябри соли равон ҳамсари ӯ Ҷаннат Мирзоева баъди бозгашт аз Истамбул ба Бишкек дастгир шуда, ҳоло дар доираи парвандаи Валиев ба ҳайси шоҳид иштирок дорад.

XS
SM
MD
LG