Ссылки доступа

Вашингтон табодули маълумотро бо Москва дар бораи Сурия қатъ кард


ИМА эълон кард, ки табодули маълумотро бо Русия дар бораи буҳрони Сурия қатъ кард. Хабаргузории Associated Рress бо истинод ба Департаменти давлатии ИМА навиштааст, ки ин қарор баъди ҳушдори ахири Ҷон Керри гирифта шудааст.

Департаменти давлатии ИМА гуфтааст, агар нерӯҳои ҳавоии президент Башор Асад ва Русия бомбаборон кардани Ҳалабро идома диҳанд, эҳтимол дорад, ҳамкориҳо дар бораи Сурия низ қатъ шаванд.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки ҷониби Русия шартҳои созишномаеро, ки моҳи сентябри соли равон барои мусоидат ба қатъи даргириҳо дар Сурия ва таъмини интиқоли устувори кумаки башардӯстона ба Ҳалаби муҳосирашуда имзо карда буд, иҷро накард.

ИМА намояндагонашро, ки барои ташкили маркази ҳамоҳангсозии амалиёт дар Сурия бо Русия сафарбар карда буд, боз хондааст. Тавре Associated Рress менависад, ин иқдом ба иртиботи миёни ду кишвар дар бораи мубориза зидди террористон дар Сурия осеб нахоҳад расонд.

XS
SM
MD
LG