Ссылки доступа

Аскаров хост, додгоҳ баёноташро бо дастгоҳи дуруғсанҷ озмояд


Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон парвандаи Азимҷон Аскаровро, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, бозбинӣ мекунад.

Дар додгоҳ Аскаров дар мавриди бегуноҳиаш бо Қуръон қасам ёд карда ва гуфтааст, ҳозир аст, то назди дастгоҳи дуруғсанҷ бегуноҳиашро собит кунад.

Вай ҳамчунин афзудааст, ки дар ҳодисаҳои ноҳияи Бозор-Қурғони Қирғизистон ширкат надоштааст. Аскаров гуфтааст, навори ҳодисаҳои мазкур дар ихтиёри мақомоти қудратӣ аст ва наворҳо далолат мекунанд, ки вай ширкат надоштааст.

Аммо кормандони пулис, ки дар додгоҳ ба ҳайси шоҳид ширкат мекарданд, гуфтанд, наворҳои мазкурро дар ихтиёр надоранд.

Додгоҳ низ нахостааст, то барои санҷидани дурустии суханҳои Аскаров дастгоҳи дуруғсанҷ биорад.

XS
SM
MD
LG