Ссылки доступа

Дидори раисони шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Русия


Абдураҳим Қаҳҳоров, раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Николай Патрушев, ки дар доираи як сафар вориди Душанбе шудааст, масъалаи муборизаи муштарак зидди тероризм ва ифротгароиро баррасӣ кард.

Ба гуфтаи намояндаи Шӯрои амнияти кишвар, ҷонибҳо дар ин мулоқот масъалаҳои марбут ба мубориза бо терроризм ва вазъи амниятии Афғонистонро ба баҳс кашидаанд.

Ин дидори дувуми раҳбарони шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон дар се моҳи ахир аст. Мулоқоти пешина моҳи июни соли ҷорӣ дар Москва баргузор шуда буд.

Он замон Қаҳҳоров ва Патрушев вазъи Осиёи Марказӣ, таҳдидҳо аз Афғонистон, ҳамкориҳои ҳарбию техникии ду кишварро баррасӣ карданд.

Вохурии ахир дар пешорӯи шиддат ёфтани вазъи Афғонистон дар натиҷаи ҳамлаи гуруҳи Толибон ба Кундуз сурат гирифтааст. Николай Патрушев ҳамчунин қарор аст, бо президент Эмомалӣ Раҳмон, ва вазири мудофеаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дидор ва гуфтугӯ кунад.

XS
SM
MD
LG