Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон муҳлати хизмати қарордодӣ 5-сола шуд


Дар Ӯзбекистон 23 сентябр қонуни нав қабул шуда, барои хизмати қарордодӣ муҳлати нав таъйин гардидааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Тибқи қонуни нав, муҳлат ва шартҳои асосии адои хизмати низомӣ дар қарордод дарҷ хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, шартномаи ибтидоӣ бо онҳое, ки ба хизмати воқеии ҳарбӣ тибқи қарордод шомил мешаванд, ба муҳлати панҷ сол баста мешавад.

То ин замон низомиҳои қаторӣ ва ҳайати афсарон ба муҳлати се сол қарордод мебастанд.

XS
SM
MD
LG