Ссылки доступа

WikiLeaks асноди интихоботи ИМА ва Google-ро нашр мекунад


Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори WikiLeaks гуфтааст, ки саҳифаи ӯ то охири соли равон наздики як миллион ҳуҷҷати дигарро нашр хоҳад кард. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, дар бораи интихоботи президентии ИМА, ширкати Google, ҷанг, аслиҳа ва саноати нафт "маводи қобили таваҷҷуҳ" чоп мешавад.

Ассанҷ дар Берлин конфронси видеоӣ баргузор ва бо ин роҳ 6-умин солгарди ба қайдгирии домени "wikileaks.org"-ро таҷлил кардааст. Ин зодаи Австралия ҳамчунин аз тағйири усули идораи Wikileaks ва сармоягузории лоиҳа хабар дода, афзуда, ки тими ӯ омодааст, то доираи ҳамкоронашро аз марзи 100 воситаи ахбори омма васеътар кунад.

Ассанҷи 45-соларо мақомоти Шветсия бо гумони содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ мекобанд. Аммо худи ӯ ин айбро рад мекунад.

Бунёдгузори WikiLeaks аз соли 2012 инҷониб дар сафорати Эквадор дар Лондон панаҳ бурда, ҳарос дорад, ки мақомоти Шветсия вайро ба ИМА таслим хоҳанд кард. Зеро Вашингтон мехоҳад, ӯро барои нашри асноди махфии ИМА ба додгоҳ кашад.

XS
SM
MD
LG