Ссылки доступа

Марзбонони Тоҷикистон ба ҳолати "ҷангӣ" даромадаанд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар робита бо нооромиҳо дар вилояти Кундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон аст, нирӯҳои марзбонии кишвар ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод гуфт, мақомоти тоҷик дар бораи шурӯи даргириҳои шадид миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва ҷунбиши Толибон дар вилояти Кундуз хабар доранд.

Вале, ба гуфтаи вай, то ба ҳол ҳодисаҳои убури ғайриқонунӣ аз марз ё ба ҳудуди Тоҷикистон афтодани гулӯлаю тирҳои тасодуфӣ ба мушоҳида нарасидааст. "Ба ҳар сурат, минтақаҳои сарҳадӣ бо вилояти Кундузи Афғонистон аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбӣ пурзӯр мешавад. Агар зарур шуд, онҳо ба ёрии сарҳадбонон меоянд", - мегӯяд Улуғхоҷаев.

Шаби 3 октябр ҳамалаҳои густардаи нерӯҳои Толибон ба шаҳри Кундуз – маркази вилояти ҳамноми он, ки бо ҷануби Тоҷикистон ҳаммарз аст, шурӯъ шуд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, Толибон дар як ҳамлаи ҳамоҳангшуда якбора аз чор тарафи шаҳр ҳамла карданд.

XS
SM
MD
LG