Ссылки доступа

Дар Брюссел мулоқоти ИА-Осиёи Марказӣ доир шуд


Дар Брюссел 4 октябр 12-умин мулоқот миёни намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Ноиб-президенти Комиссияи Аврупо Федерика Могерини ва комиссар дар умури масоили ҳамкориҳои байналхалқӣ ва рушд Невен Мимитса вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистону Туркманистонро пазируфтаанд.

Дар ин мулоқот масоили рушди муносибатҳо миёни ИА ва кишварҳои ОМ, инчунин масоили байналхалқӣ баррасӣ шудааст.

ИА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири рушди устувор ва амнияти ин минтақа ҳамкорӣ мекунад. Барои бароварда кардани ҳадафҳои мазкур, ИА ба Осиёи Марказӣ ҳамчун кумаки моддӣ 1 миллиард доллар ваъда кардааст.

XS
SM
MD
LG