Ссылки доступа

Президенти Туркманистон аз кори мақомоти қудратии кишвараш норозист


Рӯзи чаҳоршанбе Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ҷаласаи шӯрои амнияти кишварашро баргузор ва аз фаъолияти мақомоти қудратии Туркманистон норизоӣ кардааст.

Дар ин ҷаласа вазири амнияти миллии он кишвар Давронгелдӣ Байрамов аз фаъолияти ниҳоди зери роҳбариаш ҳисобот додааст.

Бердимуҳаммадов аз фаъолияти ниҳоди мазкур изҳори норизоӣ карда, ба Байрамов танбеҳ эълон кардааст. Президент гуфтааст, Байрамов "вазифаҳои хизматиашро ба таври бояду шояд иҷро накардааст".

Бердимуҳаммадов ба вазири амнияти Туркманистон дастур додааст, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин камбудиҳоро иҷро карда, дар кишвар "фазои мусоиди сиёсиву иҷтимоиро фароҳам оварад".

XS
SM
MD
LG