Ссылки доступа

Ҷавоби "некӣ ба некӣ"-и Қирғизистон ба Ӯзбекистон


Ҳукумати Қирғизистон ба хотири рушди ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ва посухи меҳмондории 130 намояндаи Бишкек дар Андиҷон ният дорад, ки ба зудӣ як ҳайати расмии кишвари ҳамсояашро ба меҳмонӣ даъват кунад.

Дар ин бора Толгонгай Стамалиева, мудири шуъбаи таъмини иттилооти ҳукумати Қирғизистон хабар дода, гуфт, нахуствазири кишвараш дастур додааст, ки нақшаи даъвати ҳайати Ӯзбекистонро ба зудӣ омода кунан.

1 октябри соли равон ҳайати Қирғизистон ба раҳбарии муовини сарвазир Муҳаммадқалий Абдуғозиев бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон дар маъракаҳои бахшида ба тавсеаи ҳамокориҳо дар шаҳри Андиҷон иштирок карданд. Тавре гузориш доданд, дар чаҳорчӯби ин сафар ҳайати Қирғизистон ба мактаб, донишгоҳи давлатӣ ва “Хонаи дӯстӣ”-и Андиҷон рафта, бо ҷамъияти қирғизҳо низ дидор кардаанд.

Дар поёни ин сафар миёни вилоятҳои Ӯш, Бодканд, Ҷалолободи Қирғизистон ва Андиҷону Фарғона ва Намангони Ӯзбекистон ёддошти ҳамкорӣ имзо шудааст. Инчунин, раҳбарони ин вилоятҳо ба қароре расиданд, ки барои ҳалли мушкили сокинони наздимарзӣ моҳе як маротиба мулоқот кунанд.

XS
SM
MD
LG