Ссылки доступа

Рамзан Қодиров дар зодрӯзаш боз президенти Чеченистон эълон шуд


Дар Грознии Чеченистон маросими савгандёдкунии Рамзан Қодиров, ки бори севум президенти ин кишвари Қафқози Шимолӣ эълон шуд, баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба рӯзи 40-солагии сиёсатмадор ва Рӯзи шаҳр рост омадааст.

"Бо хости Худованд, бори севум аст, ки масъулияти бузургеро барои тақдир ва ояндаи мардуми Чеченистон ба зимма мегирам. Ман баҳри хизмати мардуму расидан ба адолат ва шукуфоии кишварам тамоми нерӯ, дониш ва малакаи худро сарф хоҳам кард", - изҳор доштааст Қодиров ҳангоми савгандёдкунӣ.

Қодиров ҳангоме, ки гуфт, падараш Аҳмадҳоҷӣ Қодиров 13 сол пеш дар ин рӯз, 5 октябр президенти Чеченистон интихоб шуда буд, аз чашмонаш ашк мерехт. Вай дар тан либоси миллии кишвараш ва бо ду забон, русӣ ва чеченӣ савганд ёд кард.

Маросими мазкур зимни ҷаласаи порлумони Чеченистон дар толори Филармонияи давлатии ин кишвар баргузор шудааст. Қодирови 39-сола ҳамчун номзади Ҳизби "Русияи воҳид" бо касби 97,94 дарсади оро дар интихоботи 18 сентябр баранда эълон шудааст.

Мунаққидон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар дохил ва хориҷ аз Чеченистон Қодирову атрофиёнашро дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла одамрабоӣ, шиканҷа ва куштор айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG