Ссылки доступа

Таркише дар марзи Сурия бо Туркия 20 кушта ба ҷой гузошт


Таркише дар марзи Сурия бо Туркия, ки эҳтимол меравад, аз сӯи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) анҷом шуд, ба камияш ҷони 20 нафарро рабудааст. Бино ба хабарҳо, бештари қурбониён шӯришгаронанд.

Ба иттилои Маркази дидбони ҳуқуқи инсони Сурия (SOHR), ҳадафи ҳамлаи мазкур дар минтақаи Атмои вилояти Идлиб шӯришгароне будааст, ки аз сӯи Туркия ҳимоят шуда, зидди ДИ меҷанганд. Бино ба навиштаи хабаргузории Амақи ДИ, ба шӯришгарон маргталабе ҳамла кардааст.

Гуруҳҳои шӯришгар феълан бо дастгирии низомиёни турк дар минтақаҳои дигари марзӣ, воқеъ дар шимолу шарқи Идлиб бо ҷангиёни ДИ мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG