Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ аз сарнавишти маҳбуси сиёсии ӯзбек нигаронанд


Ҳомиёни ҳуқуқи ӯзбек, ки дар Аврупо ба сар мебаранд, маъракаи "Ҳомии ҳуқуқ Ғанихон Маматхонов набояд фаромӯш шавад"-ро шуруъ кардаанд. Ба гуфтаи ҳомиён, Маматхонов, ки мебоист чаҳор моҳ пеш аз зиндон раҳо шавад, то кунун аз сарнавишти вай иттилое дастрас нест.

"Клуби қалбҳои оташин" - як созмони ҳомии ҳуқуқ 3 октябр маъракаи дифоъ аз Ғанихон Маматхоновро роҳандозӣ кард. Мамадхонов дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон зиндагӣ ва зидди меҳнати маҷбурии кӯдакон, инчунин барои ҳуқуқи деҳқонон мубориза мебурд.

Мутабар Тоҷибоева, роҳбари созмони "Клуби қалбҳои оташин" мегӯяд, Маматхонов мебоист 4 июни соли ҷорӣ баъди ҳашт соли зиндон, ба озодӣ мебаромад. "Аммо бо гузашти бештар аз чаҳор моҳ на хонаводааш ва на дӯстонаш дар бораи вай чизе намедонанд", - мегӯяд Тоҷибоева.

Мамадхонов дар соли 2008 бо айби қаллодӣ боздошт ва баъдтар ба зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG