Ссылки доступа

HRW: Ҳукми сангини вакилон зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон аст


Дар изҳороти муштараки се созмони мудофеи ҳуқуқи инсон, ки дафъатан баъди содир шудани ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе нашр шуд, ҳукми 23 ва 21 соли зиндони вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов “зарба ба озодии баён ва мустақилияти кори ҳуқуқшиносон” дар Тоҷикистон унвон шудааст.

Дар изҳороти Human Rights Watch, Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мешавад, ки вакилони дифоъ бояд дафъатан озод шаванд ва мақомот бояд шароити кори мустақилонаи ҳуқуқшиносонро таъмин кунанд.

Дар изҳорот омадааст, ки ҳукми Ёрову Маҳкамов дар паи як саркӯби “бемисли дигарандешон дар Тоҷикистон” содир шудааст.

Аз соли 2014 дар ин кишвар чандин ҳуқуқшиноси мустақил боздошт, зиндонӣ ва ё мавриди таъқиб қарор гирифтааст ва ин бархӯрди мақомот ба омодагии вакилон барои машғул шудан бо парвандаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад, омадааст дар изҳороти ин созмонҳо.

Муаззама Қодирова - вакили дифои Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов рӯзи 7 октябр аз болои ҳукми додгоҳи зерҳимояҳояш ба додгоҳи кассатсионии шаҳри Душанбе шикоят кард. Вай гуфт, ки ин шикоятро Бузургмеҳр Ёров навиштааст. Шоми 6 октябр Қодирова ҳукми додгоҳ дар нисбати ҳарду зерҳимояашро “ноодилона” хонд.

XS
SM
MD
LG