Ссылки доступа

Тундбоди "Мэттю" беш аз 280 касро кушт


Шумори қурбониёни тундбоди "Мэттю" дар Ҳойитӣ дасти кам ба 283 кас расид. Ахиран наҷтодиҳандагон ба дурдасттарини маҳалли офатзада расидаанд.

Ифлосшавии оби нӯшиданӣ баъди тундбод ва ба анҷом расидани маводи ғизоӣ тарси сар задани ваборо ба бор овардааст.

Тундбод дар Ҳойитӣ ва Ҷазираҳои Багам бедодӣ карда, акнун ба қисмати шарқии соҳили ИМА равона аст. Наздики 3 миллион сокин аз минтақаҳои соҳилии ИМА ба ҷои бехавф кӯчонида шудааст.

Маркази миллии тундбоди ИМА ба ин офат дараҷаи 4-ро додааст. Шамоли чунин офат имкон дорад, ки дар як соат то 250 км бивазад.

XS
SM
MD
LG