Ссылки доступа

Русия рӯзноманигори украинро ба ҷосусӣ айбдор кард


Муфаттишони Хадамоти федеролии амнияти (ХФА) Русия шаҳрванди Украина ва рӯзноманигор Роман Сушенкоро расман ба ҷосусӣ айбдор карданд. Рӯзноманигор ин айбро эътироф намекунад.

Рӯзноманигори хабаргузории "Укринформ" Роман Сушенко ҳафтаи гузашта дар Москва боздошт шуда буд. Додгоҳ ӯро ба муҳлати то ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Мақомоти Русия мегӯянд, Сушенко - полковники хадамоти иктишофии Украина аст ва барои "фаъолиятҳои ҷосусӣ" ба Русия омадааст. Киев хабар медиҳад, ки Сушенко корманди иктишофӣ нест, балки қурбони иғвогариҳои Русия шудааст. Украина ҳамзамон озодии фаврии Сушенкоро талаб дорад.

Дипломатҳои украинӣ ҳанӯз Сушенкоро дар боздоштгоҳ надидаанд. Петр Порошенко, президенти Украина хабар медиҳад, ки кормандони консулгарии кишвараш иҷозат ёфтаанд, ҳафтаи оянда бо Сушенко мулоқот кунанд.

XS
SM
MD
LG