Ссылки доступа

Дар Тошканд масҷиди "Ислом-ота" кушода шуд (видео)


​​​​Субҳи 6 октябр ба муносибати кушодашавии масҷиди "Ислом-ота" дар кӯчаи Фарғонаи Тошканд барои сокинон маърака ороста шуд. Дар ин маърака инчунин кормандони давлатӣ, руҳониён ва сарояндагони маъруф ҷамъ омаданд.

Моҳи гузашта духтари хурдии Ислом Каримов Лола Каримова-Тиллоева дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки масҷиди Ҷӯрабеки Тошканд бозсозӣ шуда ва номи "Ислом-ота"-ро гирифтааст.

"Бо пешниҳоди уламои дин ва мардум қарор шуд, ки масҷидро ба ифтихори президенти нахустини Ӯзбекистон, падари ман Ислом Каримов бигзорем", - навишта буд Лола. Аммо лоиҳакашон ва муҳандисони Тошканд мегӯянд, масҷиди таърихии Ҷӯрабек хилофи меёърҳои сохтмонӣ бозсозӣ шудааст.

Ислом Каримов 2 сентябри соли ҷорӣ дар пайи сактаи мағзӣ вафот кард. Вай 78 сол умр дид.

XS
SM
MD
LG