Ссылки доступа

Дар Қазоқистон барои назорати сохтмонҳо фонд таъсис шуд


Муассисаи давлатии Қазоқистон "Байтерек" механизми таъмини кафолатро ба сохтани манзилҳои зист ба роҳ мондааст. Фонд ба онҳое, ки аз биноҳои навсохт мехоҳанд хона бихаранд, кафолат медиҳад, ки бино то охир бунёд мешавад.

Ба иттилои идораи навтаъсис, зимни қабули аризаҳо аз ширкатҳои сохтмонӣ, фонд тафтиш мекунад, ки оё ширкат "ба талаботи қонуни нав" ҷавобгӯ ҳаст ё на. Дар сурати мутобиқат, фонд бо ширкати сохтмонӣ шартнома мебандад.

Дар идома, фонд рафти масрафи маблағи шаҳрвандонро назорат мекунад.

Ба иттилои намояндагони фонд, амалисозии механизми кафолати сохтани манзилҳои нав масъулияти ширкатҳо ва шаффофияти сохтмонро боло мебарад.

XS
SM
MD
LG