Ссылки доступа

Духтари Ислом Каримов мегӯяд, бе падар зиндагиаш сахт аст


Лола, духтари Ислом Каримов, президенти нахустини Ӯзбекистон, ки ибтидои сентябр вафот кард, ҳамроҳ бо модар ва шавҳараш қабри падарашро зиёрат рафтааст. Лола мегӯяд, падарашро бисёр ёд кардааст.

Дар ин бора вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст. "Ҳамаи аҳли хонавода падарамроёд кардаем ва аз ин талафот андуҳгинем", - навиштааст духтари Ислом Каримов.

Лола ҳамчунин навиштааст, ки парвонаи сафеде гирди қабри падараш давр мезад. "Ин нишонаи он аст, ки Ислом Каримов аҳволи хуб дорад", - афзудааст вай.

Ислом Каримов 2 сентябр вафот ва 3 сентябр дар Самарқанд ба хок супурда шуд.

XS
SM
MD
LG