Дар қаҳвахонаҳои Токио аз рӯи таомномаҳои Ню-Йорк ва Чикаго бургерҳои "Трамп" ва "Клинтон" мепазанд. "Трамп" - бо кулчақанди сиёҳ ва газаки русӣ: рамзи руҳи "торик"-и сиёсатмадор ва "Клинтон" бо кулчақанди сафед, тухми лолахасак ва гӯшти гов тайёр мешавад.
Баъд аз хӯрдани гамбургерҳо ба муштариён пешниҳод мешавад, ки аз рӯи таъми ғизо ба "Клинтон" ва ё "Трамп" раъй диҳанд.