Ссылки доступа

Боздошти ронандаи "силоҳфурӯш"-и раиси Кумитаи мудофеаи Қирғизистон


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон қазияи силоҳфурӯшии Марат Кенжесариев, ронандаи раиси Кумитаи давлатии ин кишвар оид ба масъалаҳои мудофеаро тафтиш дорад.

Майрамбек Мусиев, сухангӯи Кумитаи давлатии Қирғизистон оид ба масъалаҳои мудофеа хабари боздошти ронандаро тасдиқ кардааст.

Аммо гуфтааст, ки "феълан тафтишот идома дорад ва наметавонем, ному насаб ва ҷузъиёти дигарро ифшо кунем. Маълумоти бештаро мақомоти тафтишотӣ баъдан ироа хоҳанд кард".

Масъулини хадамоти матбуотии ВКД Қирғизистон низ ваъда додаанд, ки қазияро баъдан шарҳ медиҳанд.

Бино ба хабарҳо, Кенжесариев ҳафтаи гузашта ҳангоми фурӯхтани се дона автомати Калашников ба аъзои гуруҳи ҷиноие боздошт шудааст. Ин силоҳҳо аз анбори яке аз қисмҳои низомӣ гирифта шудаанд. Мақомот ҳамчунин дар натиҷаи кофтукоби манзили боздоштшуда ҳолатҳои дигари нигаҳдории ғайриқонунии силоҳҳоро ошкор кардаанд.

XS
SM
MD
LG